Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад?

Гар касе ошиқи рухсори ту бошад, чӣ кунад? Толиби давлати бедори ту бошад, чӣ кунад? Шӯхию бехабар аз дарди гирифтории ишқ, Дардманде, ки гирифтори ту бошад, чӣ кунад? Эй табиби дили бемор, битарс баҳри Худо, К-он ҷигархаста, ки бемори ту бошад, чӣ кунад? Гӯш бар гуфтаи аҳбоб тавон кард, вале Ҳар киро гӯш ба гуфтори ту бошад, чӣ кунад? Мекунад бе ту Ҳилолӣ ҳама шаб нолаву оҳ, Нотавоне, ки дилаш зори ту бошад, чӣ кунад?