Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд
Ошиқон ҳарчанд муштоқи ҷамоли дилбаранд,
Дилбарон бар ошиқон аз ошиқон ошиқтаранд.
Ишқ менозад ба ҳусну ҳусн менозад ба ишқ,
Оре-оре, ин ду маънӣ ошиқи якдигаранд.
Дар гулистон гар ба пойи булбулон хоре халад,
Наварусони чаман сад ҷома бар тан медаранд.
Чун шакар бо лабат омехт гӯё дар азал,
Ҷавҳари ҷони ману лаъли ту аз як гавҳаранд.
Эй рақиб, аз манъи мо бигзар, ки ҷонбозони ишқ
Аз сари ҷон бигзаранд, аммо зи ҷонон нагзаранд.
Мурдаму раҳме надидам з-ин бутони сангдил,
Ман намедонам мусулмонанд ё худ кофаранд?
Бо тани лоғар, Ҳилолӣ, аз ғами хубон манол,
Тан агар бигдохт, боке нест, ҷон мепарваранд.