Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд
Ғами бутон махӯр, эй дил, ки зор хоҳӣ шуд,
Агар азизи ҷаҳонӣ, ки хор хоҳӣ шуд.
Агар чу ман ҳаваси зулфи ёр хоҳӣ кард,
Зи ошиқони сияҳрӯзгор хоҳӣ шуд.
Ту аз тариқи ёрӣ ҳамеша фориғу ман
Нишастаам ба умеде, ки ёр хоҳӣ шуд.
Чу дар вафои туам, бар дилам ҷафо маписанд,
Ки пеши аҳли вафо шармсор хоҳӣ шуд.
Кунун ба ҳусни ту кас нест аз ҳазор яке,
Ту худ ҳанӯз яке дар ҳазор хоҳӣ шуд.
Зи фикри кори ҷаҳон бори ғам ба сина манеҳ,
Вагарна дар сари ин корубор хоҳӣ шуд.
Ҳилолӣ, аз пайи он шаҳсавори тунд марав,
Ки норасида ба гардаш, ғубор хоҳӣ шуд.