Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад

Лаъли ҷонбахшат, ки ёд аз оби ҳайвон медиҳад, Зиндаро ҷон меситонад, мурдаро ҷон медиҳад. Дил магар побастаи зулфи ту шуд, к-аз холи ӯ Бод меояд, хабарҳои парешон медиҳад. Ё Раб, андар соғари даврон шароби васл нест, Ё ба даври мо ҳама хуноби ҳиҷрон медиҳад? Дур бодо чашми бад, к-имрӯз дар майдони ҳусн Шаҳсавори ман саманди ноз ҷавлон медиҳад. Нест дарди ишқи хубонро ба дармон эҳтиёҷ, Гар табиб ин дард бинад, тарки дармон медиҳад. Мӯҷиби ин гиряҳои талх медонӣ, ки чист? Ишваи ширин, ки он лабҳои хандон медиҳад. Эй аҷал, сӯйи Ҳилолӣ баҳри ҷон бурдан маё, З-он ки ошиқ гоҳи мурдан ҷон ба ҷонон медиҳад!