Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад

Ҳаргиз он шӯх ба мо ғайри нигоҳе накунад, Он ҳам аз ноз кунад гоҳею гоҳе накунад. Меравам бар сари роҳаш ба умеди назаре, Оҳ, гар бигзарад он шӯху нигоҳе накунад. Ин ҳама нола, ки ман мекунам аз дарди фироқ, Ҳеч мотамзадаи ҷомасиёҳе накунад. Ҳосили ишқ ҳамин бас, ки асири ғами ӯ Дил ба моле надиҳад, майл ба ҷоҳе накунад. Зоҳидо, гар ҳаваси бодаю шоҳид гуноҳ аст, Банда ҳаргиз натавонад, ки гуноҳе накунад. Сӯйи ҳар кас, ки бад-ин шаклу шамоил гузарӣ, Кай тавонад, ки туро бинаду оҳе накунад? Чун Ҳилолӣ шарафе ёфтам аз бандагият, Кас чаро бандагии ҳамчу ту шоҳе накунад?