Чӣ ҳосил, гар ҳазорон гул дамад ё сад баҳор ояд?
Чӣ ҳосил, гар ҳазорон гул дамад ё сад баҳор ояд?
Маро чун бо ту кор афтодааст, инҳо чӣ кор ояд?
Диламро боғу бустон хуш намеояд, магар вақте
Ки ҷоме дар миён оранду сарве дар канор ояд.
Чу сӯйи зулфи хубон рафт, сӯйи мо наёяд дил,
В-агар ояд, сияҳрӯзу парешонрӯзгор ояд.
Намеоям бурун аз бими расвоӣ, ки метарсам,
Маро дар пеши мардум гиряи беихтиёр ояд.
Пас аз умре агар он тифли бадхӯ бигзарад сӯям,
Намегирад қарор, то дили ман дар қарор ояд.
Фузун аз доғи навмедӣ балое нест ошиқро,
Мабодо, к-ин бало пеши мани уммедвор ояд.
Ҳилолӣ, чун ту дарвешию он маҳ хусрави хубон,
Туро аз ишқи ӯ фахр асту ӯро аз ту ор ояд.