Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Пеши назар бинам туро

Ман кистам, то ҳар замон пеши назар бинам туро? Гоҳе гузар кун сӯи ман, то дар гузар бинам туро. Афтода бар хоки дарам, хуш он ки ойӣ бар сарам, Ту зери по бинию ман болои сар бинам туро. Як бор бинам рӯйи ту, ҷонро чй сон таскин диҳам? Таскин наёбад ҷони ман, сад бор агар бинам туро. Аз диданат бехуд шудам, биншин ба болинам даме! То чашми худ бикшояму бори дигар бинам туро. Гуфтӣ, ки ҳар кас як назар бинад маро, ҷон медиҳад, Эй ман ба ҷон дар хидматам, гар як назар бинам туро. Сад бор оям сӯйи ту, то ошно гардй, вале Ҳар бор аз бори дигар бегонатар бинам туро. То кай Ҳилолиро чунин з-он моҳ медорӣ чудо? Ё Раб, ки эй чархи фалак, зеру забар бинам туро.