Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро

Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро, Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро. Ман чӣ гӯям, к-он чунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст? Ҳам ту худ фармо, ки чунӣ, то чунон гӯям туро. Ҷони ман бо он, ки хос аз баҳри рафтан омадӣ, Соате биншин, ки умри ҷовидон гӯям туро. То рақибонро набинам хушдил аз ғамдои хеш, Аз ту бинам ҷавру бо худ меҳрубон гӯям туро. Баски мехоҳам, ки бошам бо ту дар гуфтушунид, Як сухан, гар бишнавам, сад достон гӯям туро. Қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст, Мушкиле дорам, намедонам чӣ сон гӯям туро. Хуштар аз меҳр аст дар ҷавре, ки бо ман мекунӣ, Моҳи ман хуш нест, гар номеҳрубон гӯям туро. Ҳар куҷо рафтӣ Ҳилолӣ оқибат расво шудӣ, Ҷойи он дорад, ки расвои ҷаҳон гӯям туро.