Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро

Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро, Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттардорам туро. Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам, Хотири нозук ба барги гул наязорам туро. Қасди ҷон кардӣ, ки яъне даст кӯтаҳ кун зи ман, Ҷон зи каф бигзораму аз даст нагзорам туро. Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил, Нест мумкин, ҷони ман, к-аз дил бурун орам туро. Як-ду рӯзе сабр кун, эй ҷони бар лаб омада, З-он ки хоҳам дар ҳузури дӯст биспорам туро. Инчунин, к-аз савти мутриб базми айшат бар садост, Мушкил огоҳӣ шавад аз нолаи зорам туро. Гуфтӣ: "Мехоҳам Ҳилолиро ба коми душманон", Ин сазои ман, ки бо худ дӯст медорам туро.