Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро

Гаҳ намак резад ба хум, гаҳ бишканад паймонаро, Мӯҳтасиб то чанд дар шӯр оварад майхонаро? Ҳар куҷо як шаб зи сӯзи хеш гуфтам шаммае, Шамъро бигдохтам, оташ задам паймонаро. Қиссаи ҳиҷрони ман афсона шуд, ин ҳам хуш аст, Пеши ӯ шояд рафиқе гӯяд ин афсонаро. Ин ҳама бегонагӣ бо ошноён бас набуд, К-ошнои хеш кардӣ мардуми бегонаро, Аз Ҳилолӣ дигар, эй носеҳ, хирадмандӣ маҷӯ, Беш аз ин таклифи ҳушёрӣ макун девонаро.