Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро
Ёри мо ҳаргиз наёзорад дили ағёрро,
Гул саросар оташ аст аммо насӯзад хорро.
Дигар аз бетоқатӣ хоҳам гиребон чок зад,
Чанд бӯсам синаи решу дили афгорро.
Бар мани озурда раҳме кун, худоро эй табиб,
Марҳаме неҳ, к-аз дамам берун барад озорро.
Рӯзи ҳаҷр аз хотирам андешаи васлат нарафт,
Орзуи саҳҳат аз дил кай равад беморро.
Боғи ҳуснат тоза шуд аз дидаи гирёни ман,
Чашми ман оби дигар дод он гули рухсорро.
Ҳоли худ, — гуфтӣ, — бигӯ бисёру андак, ҳарчӣ ҳаст,
Сабри андакро бигӯям, ё ғами бисёрро?
Дидани дидори ҷонон давлате бошад азим,
Аз Худо хоҳад Ҳилолӣ давлати дидорро.