Ба чашми лутф гар бинӣ
Ба чашми лутф гар бинӣ гирифторони расворо,
Ба мо ҳам гӯшаи чашме, ки расво кардаӣ моро.
Пас аз мурдан нахоҳам сояи тубо, вале хоҳам,
Ки рӯзе соя ба хокам фитад он сарви болоро.
Ҳазар кун аз дами сарди рақиб, эй ғунчаи хандон,
Ки аз боди хазон офат расад гулҳои раъноро.
Дило, то метавон имрӯз фурсатро ғанимат дон,
Ки дар олам намедонад касе аҳволи фардоро.
Ба ҳар ҷо по ниҳӣ, он ҷо ниҳам сад бор чашми худ,
Чӣ бошад, оҳ, агар як бо бар чашмам ниҳӣ поро?!
Чу дар бозори ҳусн аз як тараф пайдо шудӣ ногаҳ,
Харидорони Юсуф бартараф карданд савдоро.
Аҷаб дарде, ки фардо моҳи ман азми сафар дорад,
Бимирам кош имрӯзу набинам рӯйи фардоро.
Маро гар аз таманнои ту ояд сад бало бар сар,
Зи сар берун нахоҳам кард ҳаргиз ин таманноро.
Зулоли Хизр бошад хоки поят, ҷойи он дорад,
Ки завқи хокбӯсӣ бар замин орад Масеҳоро.
Ҳилолиро чӣ ҳадди он, ки бар моҳи рухат бинад?
Ба ишқи нотамоми ӯ чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?