Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ,
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ, В-аз гармии баҳс маҷлисафрӯз шавӣ. Дар мактаби ишқ бо ҳама доноӣ Саргашта чу тифлони навомӯз шавӣ.
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ,
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ, Хоҳӣ, ки зи хоби ҷаҳл бедор шавӣ, Дар сидқ талаб наҷот, зеро ки ба сидқ Шоистаи файзи нури анвор шавӣ.
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае,
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае, Девонаи бо хирад баҷангомадае. Дӯшина ба кӯи дӯст аз рашкам сӯхт Нолидани поидилбасангомадае.
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша,
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша, То чанд зи ҷони мустаманд андеша? Он, к-аз ту тавон ситад, ҳамин колбад аст, Як мазбала гӯ мабош, чанд андеша.
Савдои сари бесару сомон як сӯ,
Савдои сари бесару сомон як сӯ, Бемеҳрии чарху даври гардон як сӯ. Андешаи хотири парешон як сӯ, Инҳо ҳама як сӯ, ғами ҷонон як сӯ.
Эй дар дилу ҷон сурату маънӣ ҳама ту,
Эй дар дилу ҷон сурату маънӣ ҳама ту, Мақсуд ҳама зи дину дунйӣ ҳама ту. Ҳам бо ҳама ҳамдамию ҳам бе ҳама ту, Эй бо ҳама ту, бе ҳама ту, не ҳама ту.
Эй гашта ҷаҳон ташнаи пуроб аз ту,
Эй гашта ҷаҳон ташнаи пуроб аз ту, Эй ранги гулу лолаи хушоб аз ту. Мӯҳтоҷ ба кимиёи иксири туем, Беш аз ҳама ақл гашта сероб аз ту.
Бо дарди ту андешаи дармон накунам,
Бо дарди ту андешаи дармон накунам, Бо зулфи ту орзуи имон накунам. Ҷоно, ту агар ҷон талабӣ, хуш бошад, Андешаи ҷон барои имон накунам.
Андар талаби ёр чу мардона шудам,
Андар талаби ёр чу мардона шудам, Аввалқадам аз вуҷуд бегона шудам. Ӯ илм намешунид, лаб бар бастам, Ӯ ақл намехарид, девона шудам.
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб, ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас.
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор,
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор, Раҳме, ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор. Ҷуз даргаҳи ту кай бувадам даргоҳе, Маҳрум аз ин дарам макун, ё ғаффор.
Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд,
Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд, Номи ту барам, умри шуда ёд ояд. Ҳар гаҳ ки маро ҳадиси ту ёд ояд, Бо ман дару девор ба фарёд ояд.
Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд,
Дар боғ равам, кӯи туам ёд ояд, Бар гул нигарам, рӯи туам ёд ояд. Дар сояи сарв агар даме биншинам, Сарви қади дилҷӯи туам ёд ояд.
Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад,
Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад, Дар бистари марг ақл мадҳуш шавад. Бо бедардон макун, Худоё, ҳашрам, Тарсам, ки муҳаббатам фаромӯш шавад.
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд,
Гар адл кунӣ, бирри ҷаҳонат хонанд, Гар зулм кунӣ, саги авонат хонанд. Чашми хирадат боз куну нек бибин, То з-ин ду кадом беҳ, ки онат хонанд.
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд,
Асрори вуҷуд хому нопухта бимонд, В-он гавҳари бас шариф носуфта бимонд. Ҳар кас ба далели ақл чизе гуфтанд, Он нукта, ки асл буд, ногуфта бимонд.
То валвалаи ишқи ту дар гӯшам шуд,
То валвалаи ишқи ту дар гӯшам шуд, Ақлу хираду ҳуш фаромӯшам шуд. То як варақ аз ишқи ту аз бар кардам, Сесад варақ аз илм фаромӯшам шуд.
Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад,
Дил вақти самоъ бӯи дилдор барад, Моро ба саропардаи асрор барад. Ин замзамаи маркаб мар рӯҳи турост, Бардораду хуш ба олами ёр барад.
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод,
Гар дард кунад пои ту, эй ҳурнажод, Аз дард бидон, ки ҳаргизат дард мабод. Он дарди ман аст, бар манаш раҳм ояд, Аз баҳри шафоатам ба пои ту фитод.
Аз боди сабо дилам чу бӯи ту гирифт,
Аз боди сабо дилам чу бӯи ту гирифт, Бигзошт марову ҷустуҷӯи ту гирифт. Акнун зи манаш ҳеч намеояд ёд, Бӯи ту гирифта буд, хӯи ту гирифт.
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт,
Рӯзам ба ғами ҷаҳони фарсуда гузашт, Шаб дар ҳаваси будаву нобуда гузашт. Умре, ки аз ӯ даме ҷаҳоне арзад, Алқисса, ба фикрҳои беҳуда гузашт.
Асрори малак бин, ки ба ғул афтодаст,
Асрори малак бин, ки ба ғул афтодаст, В-он сиккаи заррин, ки ба пул афтодаст. В-он даст барафшондани мардон зи ду кавн Акнун ба таронаву качул афтодаст.
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост,
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост, Ӯ рост бувад бо ту, ту гар бошӣ рост. В-он гаҳ ки ба ихлосу ба дил гар софӣ, Ӯро бошӣ, бидон, ки ӯ низ турост.