Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Марги рӯз
Мерафт офтобу ба дунбол мекашид, Доман зи дасти куштаи худ, рӯзи нимаҷон. Хунин фитода рӯз аз он теғи хунфишон, Дар хок метапиду пайи ёр мехазид.
Шаби сиёҳ
Барчид меҳр домани зарбафту хун гирист, Чашми уфуқ ба мотами рӯзи сиёҳбахт. В-аз ҳавли хун чу кӯдаки тарсанда мурғи шаб, Нолид бар дарахт.
Гулҳои ёс
Дӯш он риштаҳои ёс, ки буд, Хуфта бар синаи дилангезат. Рост гуфтӣ, ки орзуи ман аст, Ки чунон гашта гардановезат.
Суруди ором
Ором бигир, эй дили пуртуғён, Бигзар зи ғубори ғаму бехабарон. Дар сина нигоҳ дор нуру уммед, То боз шукуфад гули фардо дар он.
Сояи шом
Шом омаду соя ба дарозо кашид, Дил қиссаи дарди кӯҳнаро ворасид. Дар лаб хами хомӯши суруде монд, К-аз ёди ту то саҳар маро мерасид.