Шаби сиёҳ
Барчид меҳр домани зарбафту хун гирист,
Чашми уфуқ ба мотами рӯзи сиёҳбахт.
В-аз ҳавли хун чу кӯдаки тарсанда мурғи шаб,
Нолид бар дарахт.
Шаб соя барфишонду калоғони хастабол,
Аз роҳҳои дур расиданд ташнаком.
Ранги шафақ париду сиёҳӣфурӯ хазид,
Аз гӯшаҳои бом.
Ман дар шиканҷаи табу ҷонам ба печу тоб,
Дар дидаи пуробам аксиҷамолиӯст.
Бармеҷаҳад зи чашмаи ҷӯшон мағзи ман,
Ҳар дам хаёли дӯст.
Чун моҳтоб бар сари вайронаҳоидил,
Мастона пой кӯбад дар ҷомаи сапед.
Печад садои хандаи ӯ дар дили хароб,
Ларзад танам чу бед.
Ин мутриб аз куҷост? …Ки аз нағмаҳои ӯ
Бар хонаи хароби дилам сели дард рехт.
Ин захма дасти кист, ки бар тор мезанад?...
Тори дилам гусехт!
Чун вой-войи марг;ҷигарсӯзу дилхарош,
Чун нолаи видоъ; ғамангезу ҷонгузост.
Андуҳноку шум; чу фарёди мурғи ҳақ,
Ин нағмаи азост.
Иннағмаи азост, ки ман ишқи мурдаро,
Имшаб ба гӯр мебараму хок мекунам.
В-аз ашки ғам, ки мечакад аз чашми орзу
Рух пок мекунам!..