Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Шабтоб

Дар зери сояравшани маҳтоби хобнок, Дар домани сукути шабе хаставу хамӯш, Оҳистагом, мегузарад шоире ба роҳ: Масту рамидаҳуш. Меистад муқобили деворе ошно; Он ҷо ки ояд аз дил ҳар зарра бӯйи ёр… Дар тангнои сина, дили хаста метапад Муштоқу беқарор. Аз пушти шиша менигарад моҳи шабнавард Он ҷо бар оннигор, ки хобида масти ноз. Дар пешгоҳи ин ҳама зебоивуҷамол, Маҳ мебарад намоз. Дунболи моҳтоби хаёли кушодабол, Оҳиста меравад ба даруни утоқиӯ. Ман монда ҳамчунон паси девор, маҳву маст Аз иштиёқиӯ. Маҳ хира гашта бар ваю он мояи умед, Ширин ба хоб рафта дар он хобгоҳи ноз. В-аз зулфи тобдор, парешону беқарор, Аз боди ишқбоз. Дар бистар орамида, чу нилуфаре бар об, Пошида моҳтоб бар ӯ судаҳои сим. Лағзад паранд бар таниӯ,ҳамчу барги гул, Аз ҷунбиши насим. Афтода сояравшани маҳтоби симранг, Нарму сапед; чун пару боли фариштагон. Бар он ду гӯйи оҷ, ки барҷаста тобнок, Аз зери парниён. Он симгуна соқ, ки бо бӯсаи насим, Лағзида ҳамчу барги гул аз чини доманаш. В-он сояҳои зулф, ки печида масти ноз, Бар гирди гарданаш. Он зулфи тобхӯрда ба пешонии сапед; Чун сояи умед дар ойинаи хаёл. В-он чеҳри шармнок, ки тобида ҳамчу моҳ, Дар ҳолаи малол. Он сояҳои дарҳами мижгон, ки зери чашм, Ғамгин ба хоб рафта ҳамоғӯши рози хеш.