Дар лабханди ӯ
Дидаму меомад аз муқобили ман дӯш,
Хандаи талхе ниҳода бар лаби пурнӯш.
Ғамзада чун моҳтоби охири пойиз,
Дӯхта бар рӯи ман нигоҳи ғамангез.
Ман ба хаёли гузашта баста дилу ҳуш:
…Моҳ дурахшанда буду дарё ором,
Соҳили мурдоб, дар хамӯшиву ибҳом.
Шаб зи тараб мешукуфт чун гули руъё,
Акси рухи маҳ дар обгинаи дарё.
Чун рухи соқӣ, ки вожгун шуда дар ҷом.
Ӯ ба бари ман нишаста: обиду маъбуд.
Дӯхта бар чашми ман ду чашми ғамолуд.
Заврақи мо мегузашт бар сари мурдоб.
Чеҳраи ӯ зери сояравшани маҳтоб,
Лаззати андуҳ буду мастии ғам буд.
Сар ба сари дӯши ман ниҳодаву дилшод,
Замзама мекарду зулфаш аз нафаси бод,
Бар лаби ман мегузашт нарму ҳавасхез.
Чун майи ширин ба бӯсаҳои дилангез
Ҳуши маро мерабудумастӣ медод.
Масти тараб буду чун шукуфаи сероб
Бар рухи ман ханда мезад он гули шодоб.
Хандаиӯҷилваи умеду сафо буд.
Роҳати ҷон буд, ишқ буд, вафо буд.
Лаззати ғам менишаст дар дили бетоб…
Дидаму меомад аз муқобили ман, дӯш.
Хандаи талхе ниҳода бар лаби пурнӯш.
Оҳ, к-аз он хандаи ошкор шукуфтам:
-«Бингар рафтам дигар зи дасти ту рафтам!...»
Нола фурӯ монад дар пас лаби хомӯш.
Ғамзада чун моҳтоби охири пойиз,
Дӯхта бар рӯйи ман нигоҳи ғамангез.
Дигар дар хандааш умеду сафо нест.
Роҳатиҷон нест, ишқ нест, вафо нест.
Дигар ин ханда нест нағзу диловез!
…Менигарам дар хаёлу мешунавам боз,
Мераваду медиҳадба гӯши ман овоз:
-«Бингар, рафтам дигар зи даст ту рафтам!...»