Онно
Субҳ механдаду боғ аз нафаси гарми баҳор,
Мекушояд мижаву мешиканад мастии хоб.
Осмони тофта дар биркаву з-ин тобиши гарм,
Оташ ангехта дар синаи афсурдаи об.
Офтоб аз паси Албурз нуҳуфтасту аз ӯ,
Оташин найза бароварда сар аз синаи кӯҳ.
Субҳ меояд аз ин оташи ҷӯшанда ба тоб,
Боғ мегирад аз ин шуълаи гулгуна, шукўҳ.
Оҳ дерест, ки ман мондаам аз хоб ба дур
Монда дар бистару дил баста ба андешаи хеш
Монда дар бистарамуҳар нафас аз тешаи фикр,
Мезанам бар сари худ то биканам решаи хеш.
Чист андешаи ман? …
-Ишқи хаёлошӯбе,
Ки ба бозим гирифтаст ба бедориву хоб.
Менамояд ба мани шефтадил рух ба фиреб,
Мерабояд зи тани хастаи ман тоқату тоб.
Ончи ман дорам аз-ӯ ҳаст хаёле, ки зи дур,
Чеҳр бартофта дар оинаи хотири ман.
Ҳамчу маҳтоб, ки натвонияш овард ба чанг,
Дур аз дасти таманнои ману дар бари ман.
Мекунам ҷома ба тан медавам аз хона бурун,
Меравам дар пайи ӯ бо дили девонаи хеш.
Пайи он гумшуда мегардаму меоям боз,
Хаставу кӯфта аз гардиши рӯзонаи хеш.
Хоб меояду дар чашм намеёбад роҳ,
Як тараф ашк раҳаш баставу як сӯй хаёл.
Нашнавам нолаи худро дигар аз мастии дард,
Оҳ гӯшам шуда кар ё ки забонам шуда лол.
Чашмҳо дӯхта бар бистари ман сеҳромез,
Хоб бар сақф нишастаст чу ҷодуи сиёҳ.
Оҳ, аз хеш тиҳӣ мешавам ором-ором,
Мегурезад нафаси хастаам аз сина чу оҳ.
…Бонг бармезанам аз шавқки: «Онно, Онно…!»
Ногаҳон мепарам аз хоб кушода оғӯш.
Мешавад боз ду дасти ману меафтад суст,
Ҳеҷ кас нест ба ҷуз шаб, ки сиёҳ асту хамӯш.