Сароб
Умре ба сар давидам дар ҷустуҷӯйи ёр:
Ҷуз дастрас ба васли вайям орзу набуд.
Додам дар ин ҳавас дили девонаро ба бод,
Ин ҷустуҷӯ набуд.
Ҳар сӯ шитофтам пайи он ёри ношинос,
Гоҳе зи шавқ ханда задам, гаҳ гиристам.
Бе он ки худ бидонам азин гуна беқарор,
Муштоқи кистам!
Рӯйе шукуфт чун гули руъёву дида гуфт:
«Инаст он парӣ, ки зи ман менуҳуфт рӯ.
Хуш ёфтам,ки хуштар аз ин чеҳрае натофт,
Дар хоби орзу …»
Ҳар сӯ маро кашид пайи хеш дар ба дар,
Ин хушписанд дидаи зебопарасти ман.
Шуд раҳнамои ин дили муштоқи беқарор,
Бигрифт дасти ман.
В-он орзуи гумшуда бе ному бенишон,
Дар дургоҳи дидаи ман ҷилва менамуд.
Дар водии хаёл маро маст медавонд,
В-аз хеш мерабуд.
Аз дур мефирефт дили ташнаи маро,
Чун баҳр мавҷ мезаду ларзон чу об буд.
В-онгаҳ ки пеш рафтам,бо шӯру илтиҳоб
Дидам сароб буд!
Бечора ман,ки аз паси ин ҷустуҷӯ, ҳанӯз
Менолад аз ман ин дили шайдо ки: «Ёр ку ?
Ку он ки ҷовидона маро медиҳад фиреб?
Бинмо, куҷост ӯ»...!