Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Гулҳои ёс

Дӯш он риштаҳои ёс, ки буд, Хуфта бар синаи дилангезат. Рост гуфтӣ, ки орзуи ман аст, Ки чунон гашта гардановезат. Бо чи лабхандҳои нозолуд, Бо чи шириннигоҳи шӯрангез, Боз кардӣ зи гардану додӣ, Ба ман он ёсҳои атромез! Бӯса додам басе ба ёди туаш: Дилам аз даст рафту маст шудам. Ончунонаш ба шавқ бӯйидам, Ки ба бӯйи хушаш зи даст шудам. Дӯш то вақти бомдод маро, Гули ту дар канори болин буд. Дар бари ман бихуфту атр афшонд, Бистарам то ба субҳ мушкин буд. Ба шигифт омадам, ки ин ҳама бӯй, Зи гуле инчунин аҷаб бошад. Ҳайратам зад, ки рози ин гул чист? Ки чунинам аз он тараб бошад! Оҳ,донистам эй шукуфаи ноз! Рози ин бӯйи мастиомезат, К-андар он ришта, буд печида Торе аз гесӯи диловезат.