Арғавон
Арғавон, шохаи ҳамхун ҷудо мондаи ман,
Осмони ту чӣ ранг аст имрӯз?
Офтобист ҳаво?
Ё гирифтааст ҳанӯз?
Ман дар ин гӯша, ки аз дунё берун аст,
Офтобе ба сарам нест,
Аз баҳорон хабаре нест.
Он чи мебинам девор аст,
Оҳ, ин сахт сиёҳ,
Ончунон наздик аст,
Ки чу бармекашам аз сина нафас,
Нафасамро бармегардонад.
Раҳ чунон баста, ки парвози нигоҳ
Дар ҳамин якқадамӣ мемонад.
Курсуие зи чароғе ранҷур
Қиссапардози шаби зулмонист.
Нафасам мегирад,
Ки ҳаво ҳам инҷо зиндонист.
Ҳар чӣ бо ман инҷост,
Ранги рух бохтааст,
Офтобе ҳаргиз
Гӯшаи чашме ҳам
Бар фаромӯшии ин дохма наяндохтааст.
Андар ин гӯшаи хомӯш фаромӯшшуда,
К-аз дами сардаш ҳар шамъе хомӯш шудааст,
Ёди рангине дар хотири ман
Гиря меангезад:
Арғавонам онҷост,
Арғавонам танҳоист,
Арғавонам дорад мегиряд,