Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст

Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст, Ай бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст. Гар марди раҳӣ, ғам махур аз дуриву дерӣ, Донӣ, ки расидан ҳунари гоми замон аст. Ту роҳравӣ деринаи сарманзили ишқӣ. Бингар, ки зи хуни ту бар гом нишон аст. Обе ки баросуд, заминаш бихурад зуд, Дарё шавад он руд, ки пайваста равон аст. Бошад ки яке ҳам банишонӣ бинишинад, Бас тир, ки дар чиллаи ин куҳна камон аст. Аз рӯи ту дилканданам омӯхт замона, Ин дида аз он руст, ки хуноба фишон аст. Дардову дареғо, ки дар ин бозии хунин, Бозичаи айём дили одамиён аст. Дил бар гузари қофилаи лолаву гул дошт, Ин дашт, ки помоли саворони хазон аст. Рӯзе ки биҷунбад нафаси боди баҳорӣ, Бинӣ, ки гулу сабза кирон то ба карон аст. Ай куҳ, ту фарёди ман имрӯз шунидӣ, Дардест дар ин сина, ки ҳамзоди ҷахон аст. Аз доду видоди он ҳама гуфтанду накарданд, Ё раб, чӣ қадар фосилаи дасту забон аст. Хун мечакад аз дида дар ин кунҷи сабурӣ, Ин сабр, ки ман мекунам, афшурдани ҷон аст. Аз роҳ марав Соя, ки он гавҳари мақсуд Ганҷест, ки андар қадами роҳравон аст.