Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Марги рӯз

Мерафт офтобу ба дунбол мекашид, Доман зи дасти куштаи худ, рӯзи нимаҷон. Хунин фитода рӯз аз он теғи хунфишон, Дар хок метапиду пайи ёр мехазид. Хандид офтоб ки: «Ин ашку оҳ чист? Хуш бош рӯзи ғамзада! Ҳангоми рафтанаст Чун ман биханд хурраму хуш ин чи шеван аст? Мо ҳар ду меравем, дигар ҷойи шиква нест!» Нолид рӯзи хаста, ки: «Эй подшоҳи нур! Шодӣ аз они туст на аз они ман, бале Мо ҳар ду меравем аз ин раҳгузар, вале Ту меравӣ ба ҳиҷлаву ман меравам ба гӯр!...»