Дарди гунг
Намедонам чӣ мехоҳам бигӯям;
Забонам дар даҳони боз, бастаст.
Дари танги қафас боз асту афсӯс,
Ки боли мурғи овозам шикастаст.
Намедонам чӣ мехоҳам бигӯям;
Ғаме дар устухонам мегудозад...
Хаёли ношиносе ошноранг,
Гаҳе месӯзадам, гаҳ менавозад.
Гаҳе дар хотирам меҷӯшад ин ваҳм:
Зи рангомезии ғамҳои анбуҳ, -
Ки дар рагҳом ҷойи хун равон аст
Сияҳдоруи заҳрогини андуҳ.
Фиғоне гарму хунолуду пурдард,
Фурӯ мепечадам дар синаи танг.
Чу фарёди яке девонаи гунг,
Ки мекӯбад сари шӯрида бар санг.
Сиришке талху шӯр, аз чашмаи дил,
Ниҳон дар сина, меҷӯшад шабу рӯз.
Чунон мори гирифторе, ки резад,
Шаранги хашмаш аз неши ҷигарсӯз.
Парешон Сояи ошуфтаоҳанг,
Зи мағзам метаровад гиҷу гумроҳ.
Чу рӯҳи хобгарде моту мадҳуш,
Ки бесомон ба раҳ афтад шабонгоҳ.
Даруни синаам дардест хунбор
Ки ҳамчун гиря мегирад гулӯям.
Ғаме ошуфта, дарде гиряолуд…
Намедонам чӣ мехоҳам бигӯям!