Забони нигоҳ
Нашавад фоши касе он чи миёни ману туст,
То ишороти назар номарасони ману туст.
Гӯш кун, бо лаби хомӯш сухан мегӯям,
Посухам гӯ ба нигоҳе, ки забони ману туст.
Рӯзгоре шуду кас марди раҳи ишқ надид,
Ҳолиё чашми ҷаҳоне нигарони ману туст.
Гарчи дар хилвати рози дили мо кас нарасид,
Ҳама ҷо замзамаи ишқи ниҳони ману туст.
Гӯ баҳори дилу ҷон бошу хазон бош, ар на,
Эй басо боғу баҳорон, ки хазони ману туст.
Ин ҳама қиссаи фирдавсу таманнои биҳишт,
Гуфтугӯеву хаёле зи ҷаҳони ману туст.
Нақши мо гӯ нанигоранд ба дебочаи ақл,
Ҳар куҷо номаи ишқ аст, нишони ману туст.
Соя з-оташкадаи мост фурӯғи маҳу меҳр,
Ваҳ аз ин оташи равшан, ки ба ҷони ману туст.