Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Сиришки ниёз

Диле, ки пеши ту раҳ ёфт бозпас наравад, Ҳавогирифтаи ишқ аз пайи ҳавас наравад. Ба бӯйи зулфи ту дам мезанам дар ин шаби тор, Вагарна чун саҳарам бе ту як нафас наравад. Чунон ба доми ғамат хӯ гирифт мурғи дилам, Ки ёди боғи биҳишташ дар ин қафас наравад. Нисори оҳи саҳар мекунам, сиришки ниёз, Ки домани туам эй гул зи дастрас наравад. Дило бисӯзу ба ҷон барфурӯз оташи ишқ, К-аз ин чароғи ту дуде ба чашми кас наравад. Фиғони булбули табъам ба гулшани ту хуш аст, Ки кори дилбарии гул зи хору хас наравад. Диле, ки нағмаи ноқуси маъбади ту шунид, Чу кӯдакон зи пайи бонги ҳар ҷарас наравад. Бар остони ту чун Соя сар ниҳам ҳама умр, Ки ҳар кӣ пеши ту раҳ ёфт, бозпас наравад.