Озор
Духтаре хобида дар маҳтоб,
Чун гули нилуфарӣ бар об.
Хоб мебинад.
Хоб мебинад, ки бемор аст, дилдораш.
В-ин сияҳруъё, шикеб аз чашми бемораш
Боз мечинад.
Менишинад хастадид дар домани маҳтоб:
Чун шикаста бодбони заврақе бар об.
Мекунад андеша бо худ:
Аз чӣ кӯшидам ба озораш?
В-аз пушаймонӣ, сиришке гарм
Медурахшад дар нигоҳи чашми бедораш.
Рӯзи дигар,
Боз чун дилдода мемонад ба роҳи ӯ,
Рӯй метобад зи дидораш.
Мегурезад аз нигоҳи ӯ.
Боз мекӯшад ба озораш...