Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Шабгир

Дигар ин панҷара бигшой, ки ман Ба сутуҳ омадам аз ин шаби танг. Дер гоҳест, ки дар хонаи ҳамсояи ман хонда хурӯс. В-ин шаби талхи абус Мефишорад ба дилам пойи диранг. Дер гоҳест, ки ман дар дили ин шоми сиёҳ, Пушти ин панҷара, бедору хамӯш, Мондаам чашм ба роҳ. Ҳама чашму ҳама гӯш: Масти он бонги диловез, ки меояд нарм Маҳви он ахтари шабтоб, ки месӯзад гарм Моти ин пардаи шабгир, ки мебозад ранг. Оре, ин панҷара бигшой, ки субҳ Медурахшад паси ин пардаи тор. Мерасад аз дили хунини саҳар бонги хурӯс. В-аз рухи оинаам месутурад занги фусӯс Бӯсаи меҳр, ки дар чашми ман афшонда шарор Хандаи рӯз, ки бо ашки ман омехта ранг...