Эй фардо
Мехонаму меситоямат пуршӯр
Эй пардаи дилфиреби руъёранг!
Мебӯсамат эй, сапедаи гулгун
Эй фардо, эй умеди бенайранг!
Дерест, ки ман пайи ту мепӯям.
Ҳар сӯ, ки нигоҳ мекунам, овах!
Ғарқ аст дар ашку хун нигоҳи ман.
Ҳар гом, ки пеш меравам, барпост
Сарнайзаи хунфишон ба роҳи ман.
В-ин роҳи ягона: роҳи бебаргашт.
Раҳ месипарем ҳамраҳи умед
Огоҳ зи ранҷу ошно бо дард.
Як мардагар ба хок меафтад,
Бар мехезад ба ҷойи ӯ сад мард.
Ин аст, ки корвон намемонад.
Оре, зи даруни ин шаби торик
Эй фардо ман сӯйи ту меронам.
Ранҷ асту диранг нест, метозам.
Марг асту шикаст нест, медонам.
Обистани фатҳи мост ин пайкор.
Медонамат, эй сапедаи наздик
Эй чашмаи тобноки ҷонафрӯз!
К-аз ин шаби шумбахти бадфарҷом
Бармеойӣ шукуфтаву пирӯз
В-аз омадани ту: зиндагӣ хандон.
Меойиву бар лаби ту сад лабханд.
Меойиву дар дили ту сад умед.
Меойиву аз фурӯғи шодиҳо
Тобанда ба домони ту сад хуршед.
В-аз баҳри ту боз гашта сад оғӯш.
Дар синаи гарми туст эй фардо
Домони умедҳои ғамфарсуд.
Дар домани поки туст, эй фардо
Поёни шиканҷаҳои хунолуд.
Эй фардо, эй умеди бенайранг...