Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Меҳргони нав

Бигушоем кафтаронро бол! Бифурӯзем шуъла бар сари кӯҳ! Бисароем шодмона суруд! В-инчунин бо ҳазор гуна шукӯҳ Меҳргонро ба пешбоз равем! Рақси хуши печутоби парчамҳо Зери парвози кафтарони сапед, Шодии орамида гоми сипеҳр, Хандаи навшукуфтаи хуршед, Меҳргонро дуруд мегӯянд: Гармиҳар кор, масти ҳар пиндор, Ҳамраҳи ҳар паём, ҳар савганд, Дар дили ҳар нигоҳ, ҳар овоз, Туйи ҳар бӯса, рӯйи ҳар лабханд, Бисароем: Меҳргон хуш бод.