Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Духтари хуршед

Дар нуҳуфти пардаи шаб, Духтари хуршед Нарм мебофад Домани раққосаи субҳи тиллоиро... В-аз ниҳонгоҳи сиёҳи хеш Месарояд мурғи маргандеш: “Чеҳрапардози саҳар мурдаст! Чашмаи хуршед афсурдаст!” Медавонад дар раги шаб Хуни сарди ин фиреби шум. В-аз нуҳуфти пардаи шаб, Духтари хуршед Ҳамчунон оҳиста мебофад Домани раққосаи субҳи тиллоиро...