Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

Сулҳ

Ҷунбиши гаҳвора, Нағмаи лолойӣ, Резиши чашмаи шир Ба лаби ғунчаи тар, Пар-пари парвона, Ҷик-ҷики гунҷишк, Тобиши чашми шинохт, Таппиши хоҳиши гунг, Нигаҳи шавқу шикеб, Бӯсаи ишқу шитоб, Хандаи дилкаши гулҳои сапед Ба сари зулфи арӯс... Ҷунбиши гаҳвора, Нағмаи лолойӣ...