Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: андешавӣ

Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон
Ҳамаи шоирон797Умари Хайём77Камоли Хуҷандӣ68Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ56Абуалӣ ибни Сино48Абдураҳмони Ҷомӣ45Лоиқ Шералӣ44Зебуннисо Махфӣ43Саъдии Шерозӣ41Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ39Ҳофизи Шерозӣ39Собирова Нигора31Абӯсаиди Абулхайр29Бадриддин Ҳилолӣ22Шоири номаълум21Аскар Ҳаким17Гулчеҳра Сулаймонӣ14Абдулқодири Бедил13Низомии Ганҷавӣ12Абулқосим Лоҳутӣ10Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ9Камолиддин Биноӣ9Ғании Кашмирӣ9Абулқосими Фирдавсӣ8Розиқи Фонӣ7Мирзо Турсунзода5Муҳташами Кошонӣ5Носири Хусрав5Ҳушанги Соя5Садриддин Айнӣ4Толиби Омулӣ4Шавкати Бухороӣ4Амир Хусрави Деҳлавӣ3Гулрухсор Сафӣ3Мавлавӣ Ҷунунӣ3Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ3Саноии Ғазнавӣ3Фаридуддин Аттори Нишопурӣ3Халилуллоҳи Халилӣ3Абдуллоҳи Раҳнамо2Абубакри Абдурасул2Бозор Собир2Меҳровари Масчоҳӣ2Муъмин Қаноат2Низомиддин Убайди Зоконӣ2Толиб Озарахш2Эраҷ Мирзо2Юнусова Фаросатхон2Аниса Назарӣ1Асадии Тӯсӣ1Гулназар Келдӣ1Мир Саид Алии Ҳамадонӣ1Низом Қосим1Нимо Юшиҷ1Нуридинзода Аҳмадҷони Хамӯш1Олимов Низомиддин (Назмӣ)1Рашидии Самарқандӣ1Раҳмоналӣ Мирализода1Робиаи Балхӣ1Сайфуддини Исфарангӣ1Сармад1Шамси Табрезӣ1Ҳусайн Воизи Кошифӣ1

Бар кори сухан он ки гирифтор шавад

👁 21

Бар кори сухан он ки гирифтор шавад, Як лаҳза на дар пайи дигар кор шавад. Шоир ҳама шаб хун хураду гӯяд шеър, То насли башар ба ҳамдигар ёр шавад.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Фарқ аст миёни башару ҳайвоне

👁 26

Фарқ аст миёни башару ҳайвоне, Гарчи набувад ҳар башаре инсоне. Шоистагиат дор нигаҳ, чун ту фақат Дар даҳр ба шоистагиат инсонӣ.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан

👁 18

Умраш, ки надорад арзише ҷуз хӯрдан, Ларзад, ки расид аҷал барои бурдан. Оне, ки ҳаёташ ба ҷаҳон меарзад, Як зарра ҳаросаш набувад аз мурдан.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд

👁 19

Мардон чи каманду шукр аҳли дарданд, Номарду лаин вале ҷаҳон пур карданд. Гар халқ даруни ҳамдигарро бинанд, Аз бим чу аз гург гурезон гарданд.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем

👁 16

Бар ҳад нарасидем, ки беҳад бошем, Додем зи каф яку куҷо сад бошем. Мо нақд нахоҳем шунидан ҳаргиз, Аммо ҳама хоҳони хушомад бошем.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ

👁 19

Хомӯш набошӣ, ба садое нарасӣ, Доро нашавӣ, гар ба гадое нарасӣ. Ҷуз бихрадиат ба ҳар амал боз каме Девона набошӣ, ту ба ҷое нарасӣ.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам

👁 17

Ҳар шом, ки одамӣ ниҳад мижжа ба ҳам, Ором раҳо мешавад аз ғуссаву ғам. Он гаҳ, ки шавад ба бомдодон бедор, Эй кош, ки бедор шавад бахташ ҳам.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ман аз азал омада, абад мехоҳам

👁 18

Ман аз азал омада, абад мехоҳам, Некӣ ба авом беадад мехоҳам. Ҳоҷат набарам ба Қайсару бар Доро, Аз ҳикмати Суқрот мадад мехоҳам.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт

👁 20

Ин чашм хумор омада, к-аз аҳди аласт, В-ин лаб, ки кунад ба бӯсае олам маст, В-ин зулфи парешон, ки диҳад даҳр ба бод, Гар бар қалам орӣ, мутаолӣ шеър аст.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад

👁 18

Дар кӯйи ту дил дар ба дарам мебинад, Ҳар лаҳза ба ишқи дигарам мебинад. Оё ба қалам ҳусни ту тасвир шавад, Он сон, ки варо чашми сарам мебинад?!

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб

👁 19

Эй духтари ширин, ки гирифтӣ ту ҳиҷоб, То пӯшӣ анори лабу рӯйи чу гулоб. Донӣ, ки ҳазору анд соле з-ин пеш, Момои ту зист бо рухи бозу савоб?!

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ҳар домани тар хушк барояд аз об

👁 16

Ҳар домани тар хушк барояд аз об, Ку фарқи савобу гунаҳ акнун, дарёб! Аз гардиши дунё-т бигардам, ки Худо, Он ҳар чи гунаҳ буд, шуд имрӯз савоб.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб

👁 20

Аз нӯши лабат чӣ гӯяму чашми ба хоб, Аз чеҳра, ки шаб ханда занад бар маҳтоб. Он гаҳ ки дар ойина ту рух мебинӣ, Дил бошад агар ойинаро, мешавад об.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон

👁 18

Рӯзӣ зи заифон набарад ҳеҷ инсон, То ҳаст зи одамӣ варо ному нишон. Мардӣ набувад дона зи мӯре бурдан, Мардӣ ту агар, луқма зи шере биситон.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам

👁 21

Имрӯз, ки бо фалак бувад овезам, Шояд ки пагаҳ ба хоки тар омезам. Ҳоло ки маро мағз бувад дар дилу ҷон, Як дона ба хок афтаму сад сар хезам.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт

👁 15

Арбоби замонро дилу ҷон меошуфт, Он гаҳ ки маро сухан ба ҳақ мешуд ҷуфт. Ман сидқи ният аз қалам омӯхтаам, К-он сар ба буриш доду вале ҳарфаш гуфт.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Аз миллату аз забони худ ёд кунед

👁 52

Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо, Дунёи варо тоҷикӣ обод кунед.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким