Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Мапиндор аз лаби шириниборат

Мапиндор аз лаби шириниборат, Ки коме ҳосил ояд бе марорат. Фироқ афтад миёни дӯстдорон, Зиёну суд бошад дар тиҷорат. Якеро чун бибинӣ куштаи дӯст, Ба дигар дӯстонаш деҳ башорат. Надонам ҳеч кас дар аҳли ҳуснат, Ки бо дил бошад, илло бебасорат. Маро он гӯшаи чашми диловез Ба куштан мекунад гӯӣ ишорат. Гар он ҳалво ба дасти сӯфӣ афтад, Худотарсӣ набошад рӯзи ғорат. Аҷаб дорам даруни ошиқонро, Ки пироҳан намесӯзад ҳарорат. Ҷамоли дӯст чандон соя андохт, Ки Саъдӣ нопадид аст аз ҳақорат.