Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост.
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност.