Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд
Чӣ қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш
Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд
Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.