Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам

Аз баҳри хокиён ба само гиря мекунам, Бинед аз куҷо ба куҷо гиря мекунам. Сад оҳ дар гулӯи ман печида, рӯзу шаб Бар тоҷикони зиндаҷудо гиря мекунам. Дунё ба худ наоядӣ аз дасти бехудон, Аз дасти бехудон ба худо гиря мекунам. Дар осмон ситораҳо бисёр мурдаанд, Ман дар ғами ситораи мо гиря мекунам. Пурсанд гоҳе беғамон аз ваҷҳи хандаам, Кас нест пурсадам, ки чаро гиря мекунам. Азхудгузаштагони баҳаднорасидаед, Эй беғамон, ба ҳоли шумо гиря мекунам!