Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ошиқон нақши хаёли ту чу бинанд ба хоб,

Ошиқон нақши хаёли ту чу бинанд ба хоб, Эй басо сел, ки аз дидаи гирён оранд. Хунук он рӯзу хуш он вақт, ки дар маҷлиси васл Соқиён дасти ту гиранду ба меҳмон оранд. Сӯфиён тоқи ду абруи туро саҷда баранд. Орифон он чӣ надорӣ, бари ту он оранд. Бутпарастон рухи хуршеди туро гар бинанд, Бар қаду қомати зебои ту имон оранд. Шаммае гар зи ту бар олами улвӣ бирасад, Қудсиён рақс бар ин гунбади гардон оранд. Шамси Табрезӣ, ту худ булбули боғи Ирамӣ, Бош, то қути ту аз равзаи ризвон оранд.