Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ магӯ
Ман ғуломи қамарам, ғайри қамар ҳеҷ
магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ
магӯ.
Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,
В-ар аз ин бехабарӣ, ранҷ мабар, ҳеҷ
магӯ.
Дӯш девона шудам, ишқ маро диду
бигуфт:
Омадам, наъра мазан, ҷома мадар,
ҳеҷ магӯ…
Гуфтам: Ин рӯйи фариштаст аҷаб ё
башар аст?
Гуфт: Ин ғайри фариштасту башар, ҳеҷ
магӯ.