Пири ману муроди ман
Пири ману муроди ман,
Дарди ману давои ман,
Рост бигӯям ин сухан:
Шамси ману худои ман!
Аз ту ба ҳақ расидаам,
Эй ҳақи ҳақгузори ман,
Шукри туро сутудаам:
-Шамси ману худои ман!
Исии мурда зинда кард,
Дид фанои хештан,
Зиндаи ҷовидон туӣ:
-Шамси ману худои ман!..