Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро

Биравед, ай ҳарифон, бикашед ёри моро, Ба ман оваред охир санами гурезпоро! Ба баҳонаҳои ширин, ба таронаҳои заррин Бикашед сӯйи хона маҳи хуби хушлиқоро! Вагар ӯ ба ваъда гӯяд, ки даме дигар биёям, Ҳама ваъда макр бошад, бифиребад ӯ шуморо! Дами сахт гарм дорад, ки ба ҷодуиву афсун Бизанад гираҳ бар об ӯву бибандад ӯ ҳаворо! Ба муборакиву шодӣ чу нигори ман дарояд, Бинишин, назора мекун ту аҷоиби Худоро! Чу ҷамоли ӯ битобад, чӣ бувад ҷамоли хубон, Ки рухи чу офтобаш бикушад чароғҳоро! Бирав, ай дили сабукрав, ба Яман, ба дилбари ман, Бирасон салому хидмат ту ақиқи бебаҳоро!