Панҷ байти қитъаат, к-аз "Панҷ ганҷ" омад фузун
Панҷ байти қитъаат, к-аз "Панҷ ганҷ" омад фузун,
Ман чӣ гӯям, чун Низомиро ҷавобаш ҳад набуд.
Ту сухан кардӣ равона назди ман, ман банда, он
Гарчи фикри нек буд, он аз ту, ин ҳам бад набуд.
Дар ҷавоби шеъри чун оби равонат байти ман
Хонаи зин буду моро з-ин равонтар х(в)ад набуд.