Шеърҳо бо теги: қитъа
Шеърҳои марбут ба теги «қитъа» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Чӣ тафовут кунад ар з-он ки биёӣ бари мо
Чӣ тафовут кунад ар з-он ки биёӣ бари мо Бомдодон, ки тафовут накунад лайлу наҳор. Даст дар домани май зан, ки аз ин пас шабу рӯз Хуш бувад домани саҳрову тамош
Шаробхораму нарроду ринди шоҳидбоз,
Шаробхораму нарроду ринди шоҳидбоз, Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд. Зи нангу тавбаву тасбеҳу зуҳд дар ранҷам, Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод.
Худоё, дорам аз лутфи ту уммед,
Худоё, дорам аз лутфи ту уммед, Ки мулки айши ман маъмур дорӣ. Бигардонӣ қазои зуҳд аз ман, Балои тавба аз ман дур дорӣ.
Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам
Ҳарими қалъаи Доруламон, ки дар олам Чу осмон ба баландиш нест ҳамтое, Ба нисбати ману бо астаре, ки ман дорам, Ба ростӣ, ки балоест ин, на болое.
Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ,
Эй ақчаи гирди рӯйи конӣ, Эй бе ту ҳаром зиндагонӣ, Эй роҳати ҷону қуввати дил, Эй мояи айшу комронӣ.
Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро
Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро Хурдае аз ҳар каноре омадӣ. Дар висоқам нони хушку таррае Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.
Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат
Зиҳӣ, лаъли лабу нозук миёнат Муроди дидаи борикбинон. Ғами ишқат ба ҳушёрию мастӣ Муроди дидаи хилватнишинон.
Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам
Вой бар ман, ки рӯзу шаб шудаам Доиман ҳамнишину ҳамдами қарз. Муддате гирди ҳар касе гаштам, Бу, ки орам ба даст марҳами қарз.
Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз,
Мардум ба айшу шодиву ман дар балои қарз, Ҳар як ба кору бореву ман мубталои қарз. Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам, Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай?
Убайд, ин ҳирси молу ҷоҳ то кай? Ҷаҳон фонист, рав, тарки ҷаҳон гир! Чу мардон доман аз дунё бияфшон В–аз ин гирдоб худро бар карон гир!
Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард,
Он кӣ гардун фарошт в-анҷум кард, Ақлу рӯҳ офариду мардум кард, Риштаи коинот дар ҳам баст, Пас сари ришта дар миён гум кард.
Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман
Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман Ҳеч донӣ, ки саҳаргоҳ чаро механдад? Бо вуҷуди гиреҳи ғунчаву тангии дил ӯ Ҳикмате ҳаст, на аз боди ҳаво механдад.
Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман
Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман Зи банди ҳодисаи рӯзгор бикшояд. Хаёл буд маро, к-он ғараз, ки мақсуд аст, Ҳусули он ғараз аз шаҳрёр бикшояд.
Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест,
Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест, Фаровон маро харҷу зар ҳеч нест. Ҷаҳон, гӯ, ҳама айшу ишрат бигир, Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеч нест.
Қуввати шоираи ман саҳар аз фарти малол
Қуввати шоираи ман саҳар аз фарти малол Мутаннафир шуда, аз банда гурезон мерафт. Нақши Хоразму хаёли лаби Ҷайҳун мебаст, Ба ҳазарон гила аз мулки Сулаймон мера
Он шунидӣ, ки лоғаре доно
Он шунидӣ, ки лоғаре доно, Гуфт боре ба аблаҳе фарбеҳ. Аспи тозӣ, агар заиф бувад, Ҳамчунон аз тавилае хар беҳ.
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд
Бас номвар ба зери замин дафн кардаанд, К-аз ҳастияш ба рӯи замин бар нишон намонд. В-он пирлошаро, ки супурданд зери хок, Хокаш чунон бихӯрд, к-аз ӯ устухон на
Пеши чанги дилхарошат сӯфиёнро, ҳофизо
Пеши чанги дилхарошат сӯфиёнро, ҳофизо, Наъраҳо бояд ба вақти нақш бинмудан задан. Ардашеру ту агар дар маҷлисе оред чанг, Мардуми маҷлис туро хоҳанд фармудан з
Панҷ байти қитъаат, к-аз "Панҷ ганҷ" омад фузун
Панҷ байти қитъаат, к-аз "Панҷ ганҷ" омад фузун, Ман чӣ гӯям, чун Низомиро ҷавобаш ҳад набуд. Ту сухан кардӣ равона назди ман, ман банда, он Гарчи фикри нек буд
Эй Ҳофизи андалебоҳанг
Эй Ҳофизи андалебоҳанг, Овози ту рафта ним фарсанг. Гар Зуҳра бар осмон занад уд, Саҳл аст, ту бар замин бизан чанг!