Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман
Эй Убайд, ин гули садбарг ба атрофи чаман
Ҳеч донӣ, ки саҳаргоҳ чаро механдад?
Бо вуҷуди гиреҳи ғунчаву тангии дил ӯ
Ҳикмате ҳаст, на аз боди ҳаво механдад.
Чун саботи фалаку кори ҷаҳон мебинад,
Ба бақои худу бар ғафлати мо механдад.