Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман
Намонд ҳеч кариме, ки пойи хотири ман
Зи банди ҳодисаи рӯзгор бикшояд.
Хаёл буд маро, к-он ғараз, ки мақсуд аст,
Ҳусули он ғараз аз шаҳрёр бикшояд.
Бад-он ҳавас бари султони комрон рафтам,
Ки аз атои ваям кору бор бикшояд.
Зи пеши шоҳу вазирам даре кушода нашуд,
Магар зи ғайб даре Кирдгор бикшояд.
Убайд, ҳоҷат аз он дар талаб, ки раҳмати ӯ
Агар бибандад як дар, ҳазор бикшояд.