Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест,

Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест, Фаровон маро харҷу зар ҳеч нест. Ҷаҳон, гӯ, ҳама айшу ишрат бигир, Маро з-ин ҳикоят хабар ҳеч нест. Ҳунар худ надонам, вагар низ ҳаст, Чу толеъ набошад, ҳунар ҳеч нест. Инони иродат чу аз даст рафт, Ғаму фикри баргу дигар ҳеч нест. Ба даргоҳи ӯ илтиҷо кун, Убайд, Ки ин рафтани дарбадар ҳеч нест.
Маро қарз ҳасту дигар ҳеч нест, | Шоирон