Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?
Гар он маҳро вафо будӣ, чӣ будӣ?
В-араш тарс аз Худо будӣ, чӣ будӣ?
Даме хоҳам, ки бо ӯ хуш бароям,
Агар ӯро ризо будӣ, чӣ будӣ?
Диламро аз лабаш бӯсест ҳоҷат,
Гар ин ҳоҷат раво будӣ, чӣ будӣ?
Агар рӯзе ба лутф он подшоро
Назар бо ин гадо будӣ, чӣ будӣ?
Хирад гар гирди ман гаштӣ, чӣ гаштӣ
В-агар сабрам ба ҷо будӣ, чӣ будӣ?
Ба васлаш гар Убайди бенаворо
Саодат раҳнамо будӣ, чӣ будӣ?