Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ?
Азми куҷо кардаӣ боз, ки бархостӣ?
Мӯй ба шона задӣ, зулф биёростӣ.
Моҳ чу рӯйи ту дид, гуфт: Зиҳӣ некуӣ!
Сарв, ки қадди ту дид, гуфт: Зиҳӣ ростӣ!
Оташи ғавғои ишқ чун бинишастӣ, нишаст,
Фитнаи охирзамон хост, чу бархостӣ.
Дӯш дар он сархушӣ ҳуш зи мо мерабуд,
Коса, ки медоштӣ, узр, ки мехостӣ.
Пеши Убайд омадӣ, мурда дилаш зинда шуд,
Боз чу берун шудӣ, ҷону танаш костӣ.