Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зулфат ба парешонӣ дил бурд ба пешонӣ,

Зулфат ба парешонӣ дил бурд ба пешонӣ, Дил бурд ба пешонӣ зулфат ба парешонӣ. Гар зулф бияфшонӣ, сад ҷон-ш фурӯ резад, Сад ҷон-ш фурӯ резад, гар зулф бияфшонӣ. Як лаҳза ба пинҳонӣ гар васли ту дарёбам, Гар васли ту дарёбам як лаҳза ба пинҳонӣ, Сад бӯса ба осонӣ аз лаъли ту бирбоям, Аз лаъли ту бирбоям сад бӯса ба осонӣ. Охир на мусалмонӣ, раҳм ор бар ин мискин! Раҳм ор бар ин мискин, охир, на мусалмонӣ?! Мебинию медонӣ аҳволи Убайд, охир, Аҳволи Убайд, охир, мебинию медонӣ.