Дорад ба сӯйи ёре мискин дилам ҳавое
Дорад ба сӯйи ёре мискин дилам ҳавое
З-ин шӯхи ҷонфиребе, з-ин шанги ҷонфазое.
З-ин сарви хушхироме гул пеши ӯ ғуломе,
Маҳ пеши ӯ асире, шаҳ пеши ӯ гадое.
Ҳар ғамзааш синоне, ҳар абруяш камоне,
Гесӯйи ӯ каманде, болои ӯ балое.
Моро зи ишқи рӯяш ҳар лаҳзае футӯҳе,
Моро зи хоки кӯяш ҳар соате сафое.
Бигрифта ишқ моро мулки вуҷуду он гаҳ
Ақл омада, ки мо низ ҳастем кадхудое.
Ҷон мефазояд, алҳақ, боди сабо саҳаргаҳ,
Моно, ки ҳаст бо ӯ бӯе зи ошноӣ.
Гуфтам: Убайд. Гуфто: Номаш мабар, ки бошад
Ринде қиморбозе, дузде гурезпое.